ФУТБОЛ. Имрӯз дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо ҳам бозӣ мекунанд

Декабрь 18, 2024 10:07

ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 декабр дастаҳои мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Ҷидда бо ҳам рақобати дуюми дӯстона баргузор мекунанд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

13 декабри соли 2024 дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи ҷамъомади тамринӣ дар шаҳри Ҷидда нахустин бозии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Арабистони Саудӣ анҷом дод. Вохӯрии дастаҳо бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби духтаронаи то 17-солаи Тоҷикистон хотима ёфт.

Голҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистонро Маҳиноз Нурова ва Райҳона Шомуродова ба дарвозаи дастаи рақиб заданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 18, 2024 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд