Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми авруосиёӣ аз фанни информатика 18 медал ба даст оварданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи 16-уми авруосиёӣ аз фанни информатика сазовори 3 медали нуқра ва 15 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Олимпиада дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон 39 хонанда иштирок намуд.
Дар даври ниҳоии олимпиада 77 даста бо фарогирии 231 хонанда аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуд.
Олимпиада 13-14 декабр баргузор гардида, ҳадафи он тавсеаи иттилоотонии хонандагон, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод дар бахши технологияи иттилоотӣ, фанноварӣ ва моделсозии компютерӣ мебошад.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






