Интернети 4G ба муштариёни «МегаФон Тоҷикистон» бештар дастрас мешавад
ДУШАНБЕ, 12.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи ноябри соли равон ба шабакаи МегаФон Тоҷикистон тахминан 40 истгоҳи базавии нави 4G/LTE илова карда шуд. Оператор ният дорад, ки то охири сол боз 60 пойгоҳи босуръатро ба истифода диҳад. Ғайр аз ин, дар якчанд майдон корҳои навсозӣ гузаронида шуданд ва ҳоло дар он ҷо низ таҷҳизоти алоқа бо дастгирии технологияи насли чорум кор мекунад. Ҳамин тариқ, то моҳи январи соли 2025 шабакаи 4G нисбат ба аввали сол дар беш аз 160 истгоҳи базавӣ амалӣ мегардад.
Вазифаи кормандони алоқа баланд бардоштани сифати интернети мобилӣ, ки дар заминаи он садҳо хизматрасонии муфиди рақамӣ амал мекунанд, маҳсуб мешавад. Сокинони тамоми минтақаҳо метавонанд аз онҳо истифода баранд. Зимнан, шумораи бештари истгоҳҳои базавии нави 4G дар манотиқи сераҳолии Тоҷикистон, ки аксар муштариёни ширкат дар он ҷо зиндагӣ мекунанд, ба кор дароварда мешаванд. Дар саросари ҷумҳурӣ корҳои техникӣ идома доранд.
Як қисми лоиҳа фаъолкунии «қабати нав»-ро дар истгоҳҳои базавии қаблан насбшуда пешбинӣ менамояд ва модулҳои иловагӣ барои таҳвили маълумот бо суръати 4G имкон медиҳанд. Дар натиҷа имконияти тамошои видео дар смартфон бе қатъшавӣ, кори муттасили сервисҳои молиявию техникӣ, паёмрасонҳо, сомонаҳои мағозаҳои онлайн ва дигар манбаъҳои интернетӣ фароҳам оварда мешаванд.
Қариб 30 истгоҳи базавии стандарти 2G дар деҳаҳои дурдаст мавриди муосиргардонӣ қарор гирифтаанд.
«Шабакаи насли дуюмро баъзан шабакаи овозӣ меноманд, зеро одатан маҳз дар он зангҳо анҷом дода мешаванд. Баъд аз муосиргардонии истгоҳҳои базавии 2G муштариён ба интернет дастрасӣ пайдо карданд ва метавонанд ин хизматрасониро бисанҷанд», — мегӯяд директори техникии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Рафил Аглямов.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








13 август дар филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва, Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ноҳияи Тоҷикобод 20 ҳазору 600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи тиббии иҷтимоии Тоҷикистон Маркази таҳсилоти баъдидипломӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар шаш моҳ ба маблағи беш аз 487 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили гандум идома дорад
Дар Тоҷикистон Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






