Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки моҳи майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаи нави доимии Бонки Осиёгии рушд дар Тоҷикистон Ко Сакамото баррасӣ гардиданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон ҳамзамон лоиҳаҳои амалишаванда, аз ҷумла татбиқи нақшаи молиявии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншударо, ки бо дастгирии техникии Бонки Осиёии рушд дар соли 2024 таҳия шудааст, инчунин дурнамои ҳамкории минбаъдаро муҳокима намуда, бо инобати таҳкими ҳамкорӣ ва шарикӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим ба мувофиқа расиданд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманд табодули афкор намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






