МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд

Декабрь 14, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 14.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамарӯза дар рӯйхати ғизоии худ ворид кардани истеъмоли сабзавот ва меваҷот ба организм кумак мерасонад, то инсон фасли сарморо бе мушкилӣ паси сар намояд. Ҳамзамон хӯрдани меваю сабзавот дар зимистон саломатии инсонро ҳифз намуда, масунияти организмро нисбат ба ҳар гуна бемориҳои мавсимӣ баланд мебардорад. Дар зер тавсияи мутахассисонро дар робита ба он ки бо фаро расидани сардиҳо одамон аз кадом навъи сабзавоту меваҷот бояд истеъмол намоянд, пешниҳоди хонандагон мегардонем.

Шалғам

         Шалғам ба гурӯҳи сабзавоте дохил мешавад, ки ҳамчун ғизои пурқувват ба организми инсон фоидаовар мебошанд. Он сулфаро рафъ карда, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим менамояд, рехтани мӯйи сар ва гирифтани вазни зиёдро пешгирӣ менамояд. Ба гуфтаи табибон, шалғам чашмро қавӣ мегардонад ва сангҳои гурда ва хичакро майда месозад.

Дар шалғам нисбат ба дигар сабзавоти маъмул миқдори микроэлементҳо, ба мисли сулфур зиёдтар аст. Ин элемент, тавре духтурон мефармоянд, барои тоза намудани хун аз ҳар гуна моддаҳои зарарнок зарур аст. Нахҳое, ки дар таркиби  шалғам мавҷуд мебошанд, ба хуб ҳазм шудани хӯрок мусоидат намуда, ба равандҳои мубодилаи моддаҳо таъсири мусбат мерасонанд. Мутахассисон чунин мешуморанд, ки хӯрдани шалғам ҳама узвҳои даруни сина ва даруни шикамро қувват мебахшад ва иштиҳо меоварад. Хусусан агар бо чизҳои тезмазза, яъне бо хардал (горчица) ва мурч таъмашро тунд намуда бихӯранд, дарунро аз моддаҳои зарраровар пок месозад.

Гулкарам

Гулкарам сабзавоти хуби ғизоӣ буда,  дар таркибаш  8 витамин- С, В1, В2, натрий, калий, калсий, магний, фосфор мавҷуд мебошад, ки ба саломатӣ фоида доранд. Ин сабзавот нисбат ба дигар анвои карам зудҳазм буда, луобпардаи меъдаро намеангезад. Гулкарам бахусус ҳангоми бемориҳои меъдаю рӯда ва чун ғизои кӯдакон манфиатовар аст. Ба иттилои мутахассисон, ҳангоми суст будани тарашшуҳоти меъда истеъмоли ғизоҳои обпазе, ки аз гулкарам таҳия шудаанд, фоиданок аст. Онро ҳангоми бемориҳои меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, бемориҳои ҷигар ва талхадон низ муфид мешуморанд. Ба гирифторони бемории диабети қанд низ истеъмоли гулкарам тавсия дода мешавад. Истеъмоли гулкарам барои шахсони гирифтори ниқрис (подагра) зиён дорад.

Дар таркиби гулкарам миқдори зиёди витамини С мавҷуд буда, он асосан барои занон муфид аст. Зеро витамини С бунияро тақвият дода, хатари гирифторӣ ба бемориҳои вирусиро коҳиш медиҳад ва ба ҳазми хӯрок мусоидат менамояд. Он инчунин аз кислотаи фолий бой аст, ки барои рушди ҷанин ҳангоми ҳомиладорӣ муҳим аст. Гулкарам хеле кам дар инсон ҳассосият ба вуҷуд меорад. Аз ин хотир  яке аз ғизоҳои аввалине, ки ба кӯдакон доданаш иҷозат аст, гулкарам мебошад. Таркиби он дорои бисёр витаминҳо ва минералҳо мебошад.

Каду

         Агар дар як рӯз 100 грамм каду истеъмол намоем, пас бунияи мо аз 29 то 30 килокалория неру ҳосил менамояд. Каду ғизои латиф аст, ки ташнагиро мешиканад, сулфаро рафъ месозад, барои бемориҳои синдроми метоболикӣ, яъне ниқрис (подагра) манфиати хуб дорад. Равғанаш барои сулфа ва дарди қафаси сина муфид аст. Дар таркиби кадуи истеъмолӣ 90,32  фоиз  об, 9,68  фисад моддаҳои хушк, 1,1 фоиз сафеда, 6,5 фоиз карбогидридҳо, каротин, равған,  витаминҳои В1, В2, В6, В9, РР, С, макроэлементҳои К, Са, Mg, Р, микроэлементҳо, олтингӯгирд, хлор, оҳан, йод ва дигар моддаҳо мавҷуд мебошанд. Инчунин дар тухми он 48-50 фоиз равған, 28 фоиз  сафеда ва ба миқдори муайян макро – микроэлементҳо вуҷуд доранд, ки истеъмоли онҳо барои организми инсон ниҳоят зарур мебошад.

Ба тавсияи табибон, истифодаи он барои нафароне, ки аз ғизои серкалория азият мекашанд, фоидаи хуб дорад. Асосан барои муолиҷа тухм, дона, кӯфтаи мағз, ҷӯшобаи тухмдонаҳо ва дилаи кадуро аз қадимулайём то имрӯз истифода мебаранд.

Таркиби дилаи каду аз маводи калий ва магний бой аст.  Агар гирифторони бемориҳои дил истифодаи дилаи кадуро дар шакли хом чун хӯриш омода намуда, истифода баранд, ин барои онҳо фоидаи калон дорад. Таҳқиқоти илмӣ муайян намудааст, ки дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад ва мубодилаи моддаҳоро дар худи буния ба танзим медарорад. Шираи кадуи хом барои оромии асабҳо ва ба танзим даровардани кори асабҳо низ ниҳоят фоидабахш аст.

Яке аз хусусияти хуби дигари каду он аст, ки аз он дар шароити хона ҳар гуна хӯрокҳо, чун ширкаду, кадушӯрбо, кадуи таги алов, гӯшту кадубирён, самбӯсаи кадугӣ, мантуи кадугӣ омода намудан мумкин аст. Бештари сокинон барои зимистон каду захира намуда, тамоми фасли сармо аз он ҳар гуна хӯрокҳои лазиз омода менамоянд.

Лимӯ

Дар байни дарахтони мевадиҳандаи ситрусӣ лимӯ аз лиҳози хусусияти ғизоӣ ва шифоӣ  дар ҷои аввал меистад. Дар таркиби лимӯ витаминҳо, моддаҳои ғизоӣ ва  кислотаҳои органикӣ  мавҷуд ҳастанд, ки таъминкунандаи дурусти мубодилаи моддаҳои организми инсон ва антиоксидант ба муқобили барангезандагони бемориҳои онкологӣ маҳсуб мешаванд. Лимӯ асосан ба бемориҳои шамолхӯрдагӣ, фишорбаландӣ, рӯдаю меъда ва асаб шифо мебахшад. Дар таркиби  лимӯи  тоҷикӣ аз 24 то 27 фоиз витамини С, А ва ПП  мавҷуд аст, ки таъминкунандаи устувори рагҳои хунгард буда, инсонро аз касалиҳои инсулт ва фишорбаландӣ эмин нигоҳ медоранд. Инчунин лимӯро дар омода намудани хӯрокҳо, нӯшобаҳо ва қаннодӣ васеъ истифода менамоянд, ки ин ба манфиати солимии инсон аст.

Табибон хӯрдани лимӯро ба нафарони гирифтори бемориҳои дилу рагҳо, фарбеҳӣ, санги гурда ва камхунӣ тавсия медиҳанд. Зеро нахҳо ва пайвастагиҳои растанӣ, ки дар таркиби лимӯ мавҷуд ҳастанд, сатҳи холестеринро дар хун паст намуда, инсонро аз сар задани сактаи дил эмин нигоҳ медоранд. Таҳқиқоти як зумра олимон нишон дод, ки касоне, ки лимӯ бештар истеъмол менамоянд, ба саратон камтар гирифтор мешаванд. Ба иттилои олимон, бисёр пайвастагиҳои растанӣ, ки дар таркиби меваҳои ситрусӣ мавҷуд мебошанд, дар пешгирии саратон нақши муҳим мебозанд.

Истеъмоли лимӯ ба асаб ва гирифторони сулфаи хунукмизоҷ зарар дорад. Агар ҳангоми холӣ будани меъда бихӯранд, рӯдаҳоро заиф мегардонад ва дар ин узвҳо дард пайдо мешавад. Давои ҳамаи ин зарарҳояш шакар ва асал хӯрдан аст. Табибон иброз медоранд, ки агар лимӯро ба танҳоӣ ба таври доимӣ бихӯранд, хобро мегурезонад. Бинобар ҳамин  тавсия медиҳанд, ки лимӯро бо шакар ё қанди сафед бояд бихӯранд.

Дар таркиби лимӯ моддаҳои зиёди барои инсон муфид мавҷуд ҳастанд ва онро барои бисёр бемориҳо истифода мебаранд. Лимӯро барои бемориҳои авитаминоз, атеросклероз низ истифода мебаранд. Ин мева дар таркибаш миқдори зиёди кислотаи лимӯӣ, об ва якчанд витаминҳои муфид дорад. Лимӯ хусусияти гемостатикӣ дорад, бинобар ин онро барои хунравии бинӣ, меъда ва ҳатто хунравии милки дандон истифода мебаранд.

Хуч

         Хуч манбаи ликопин ва витаминҳои А, В, Е, К мебошад, ҳамчунин дар таркибаш оҳан, магний ва дигар моддаҳои минералии фоиданок дошта, нӯшиданаш бениҳоят муфид аст. Оби хуч асабро ором ва ҷисми инсонро пурқувват намуда, ба барқароршавии ҳуҷайраҳо мусоидат менамояд. Таҳқиқоти олимон собит намудаанд, ки дар таркиби хуч нисбат ба лимӯ, мандарин ва афлесун 60 маротиба бештар витамини С вуҷуд дорад. Ин витамин иммунитети инсонро пурқувват гардонида, ба мубориза бар зидди вирусу микроб ва бемориҳои сироятӣ тобовар месозад.  Фоидаи дигари хуч он аст, ки ба ҳазми ғизо ёрӣ мерасонад. Дар таркиби оби хуч пектин мавҷуд буда, рӯдаҳоро ба хуб кор кардан водор месозад. Шахсоне, ки пайваста оби хуч менӯшанд, аз сахт шудани дарун (қабзият) азият намекашанд, бар замми ин, хуч дар мубориза бо кирми рӯда ва дигар бактерияву микробҳое, ки ба системаи ҳозима ворид мешаванд, ёрӣ мерасонад.

Боз як сабаби дигаре, ки инсонро ба нӯшидани оби хуч водор месозад, хоҳиши солим мондани дил аст. Оби хуч дар мубориза бо бемориҳои дил ва рагҳои хунгарди он ёрӣ мерасонад ва бар замми ин, сатҳи холестеринро дар хун паст мекунад. Хуч дар таркибаш витамини К дошта, ба лахташавии хун мусоидат менамояд. Аммо зиёд нӯшидани оби хуч ба шахсоне, ки аз тромбози рагҳои хунгард ва тромбофлебит азият мекашанд, тавсия дода намешавад.

Хуч манбаи витамини А буда, пӯсти инсонро нафис, зебо ва пуртароват мегардонад. Тез-тез оби хуч нӯшидан касро аз пирии бармаҳал эмин дошта, ба чеҳрааш ҷавонию зебоӣ мебахшад. Исбот шудааст, ки пайваста оби хуч нӯшидан коллагенро зиёд намуда, барои халосӣ аз доначаҳо, доғҳои пӯст ва офтобсӯхтагӣ ёрӣ мерасонад. Хоҳед, ки захмҳои шумо зудтар шифо ёбанд, бештар оби хуч бинӯшед.

Имрӯзҳо бо сабаби норасоии оҳан аксар одамон, махсусан занҳо ва кӯдакон ба бемории камхунӣ гирифтор мешаванд. Роҳи аз ҳама осони халосӣ аз ин мушкил бештар оби хуч нӯшидан аст. Хуч ба ҷисми инсон барои аз худ намудани оҳан ёрӣ мерасонад.

Хурмо

Исбот шудааст, ки хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад, аз ин рӯ ин мева намегузорад организм пеш аз муҳлат пир шавад. Маҳз аз ин сабаб онро дар Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон «шоҳи меваҳо» меноманд.

Ба тавсияи табибон,  онро барои табобати бемориҳои саратон, шуш ва пайдошавии санг дар гурдаҳо метавон истеъмол намуд. Инчунин онро ҳангоми асабоният, табъи хира ва ҳатто афсурдаҳолии сахт тавсия медиҳанд. Хурмо инчунин узви босираро мустаҳкам намуда, намегузорад, ки бадани инсон пеш аз муҳлат пир шавад. Ба тавсияи онҳо, хурмое, ки ҳангоми наҳорӣ мехӯред, фаъолияти ақлониро зиёд менамояд.

Ғизошиносон хурморо барои кам намудани вазн тавсия медиҳанд. Зеро хурмо бо вуҷуди ширин буданаш камкалория аст. Аммо бемороне, ки мубталои диабети қанд ҳастанд, бояд хурморо камтар истифода намоянд. Хурмо манбаи витаминҳои зиёде аст, аз ҷумла дар таркиби он витамини А ба миқдори зиёд мавҷуд аст, ки ба пешгирии саратон мусоидат менамояд; витамини P, ки нозукии рагҳои хунро коҳиш медиҳад; витамини С (53% он дар буттамева), ки таъсири тоникӣ дорад.

Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 14, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хатсайрҳои ҳавоиро афзоиш медиҳанд
Муколамаи намояндагони бахши хусусии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Барои татбиқи лоиҳаи «Асосҳои рақамикунонии Тоҷикистон» созишномаҳои молиявӣ ба имзо расиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон чӣ гуна татбиқ мегардад?
НАЗАРИ КОРШИНОС. Робитаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бар пояи пайвандҳои таърихӣ асос ёфтаанд
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Абдулло Раҳмонзода: «Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рисолати таърихсозӣ доранд»
ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Дар Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад
«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии мудирони кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд иштирок намуд
Дар Суғд Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо таъсис ёфт