Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ вохӯрӣ доир гардид

Август 11, 2025 10:08

ДУШАНБЕ, 11.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода вобаста ба дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии насб, истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии таҷҳизоти истеҳсолӣ, истифодаи нодурусти неруи барқ, кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷамъоварии пурраи маблағи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, қарздорӣ ва ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда, инчунин истифодаи аз меъёри муқарраргардида зиёдтари неруи барқ таҳлил гардид.

Муовини прокурори генералӣ ва сардори Агентии назорати давлатии энергетикӣ вобаста ба ҳолатҳои ғайримақсаднок ва ғайриқонунии истифодаи неруи барқ дар филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Бохтар сухан гуфта, оид ба шахсони қонуншикан маълумоти дақиқ пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ, муовини онҳо, нозирон ва назоратчиёне, ки дар иҷрои вазифа бемасъулиятӣ кардаанд, тадбирҳои қатъӣ андешида шуда, аз кор озод карда мешаванд.

Ин тадбирҳо бо ҳадафи беҳтар намудани самаранокии истифодаи неруи барқ, кам кардани талафот ва таъмини адолати ҷамъоварии маблағҳои неруи барқ андешида мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Август 11, 2025 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид