Ҳайати Тоҷикистон дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 август ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дар марҳилаи аввали омӯзиши таҷрибаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молия хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ роҳбарони ҳайатҳо аҳамияти робитаҳои дӯстона ва ҳамкории созандаро байни ду давлат таъкид намуданд. Изҳор гардид, ки мубодилаи таҷриба ва омӯзиши амалияҳои пешқадам дар самтҳои банақшагирии буҷет, идоракунии қарзи давлатӣ, сиёсати андозбандӣ ва маъмурикунонии он, таҳкими шаффофият ва рушди рақамисозии хизматрасонии давлатӣ заминаи муҳими густариши ҳамкории минбаъда мебошад.
Барномаи рӯзи аввал муаррифии муфассали сохтор ва ваколатҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Қирғизистон, низоми ташаккули буҷет, идоракунии дороиҳои давлатӣ, таҷрибаи пешбурди сиёсати қарзи давлатӣ, идоракунии хавфҳои фискалӣ ва истифодаи васеи технологияҳои рақамиро фаро гирифт.
Ҳамчунин бо иштироки коршиносони баландпояи Қирғизистон ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои марбут ба рақамисозии хизматрасониҳои давлатӣ ва платформаҳои электронии молиявӣ шарҳ дода шуд.
8 август ҳайати Тоҷикистон инчунин бо низоми фаъолияти Хадамоти давлатии андоз шинос шуд.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ин сафар на танҳо имкони мустақим барои омӯзиши таҷрибаи муваффақи ҳамсоякишварро фароҳам меорад, балки ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар низоми молияи давлатӣ мусоидат менамояд. Илова бар ин аҳамияти идомаи чунин ҳамкории касбӣ ва баргузор намудани чорабиниҳои муштарак дар оянда таъкид гардид.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид






