Татбиқи Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар Спитамен баррасӣ гардид

Август 11, 2025 10:11

ДУШАНБЕ, 11.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мулоқоти муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Шерализода бо ҳайати Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) таҳти роҳбарии хонум Негиши Саичи доир гардид. Зимни он масъалаи татбиқи Лоиҳаи беҳтаргардонии таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар нуқтаи назорати гумрукӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ки дар масири Хатсайри байналмилалии транскаспӣ ҷойгир аст, баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ба раванди таҳқиқоти мутахассисони ҷопонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Хонум Негиши Саичи аз сатҳи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа барои JICA яке аз кишварҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Таъмини рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар сатҳи зарурӣ муҳим мебошад.

Гурӯҳи кории JICA масъалаи таҳияи таҳқиқоти муфассал ва такмили лоиҳаи мазкурро бо ҳадафи таҳкими инфрасохтори сканкунии гумрукӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Ҳайати JICA ҳамчунин бо намояндагони воҳидҳои марбутаи Хадамоти гумрук, аз ҷумла Раёсати ташкили назорати гумрукӣ, маъмурияти системаи идораи таваккал, Раёсати молиявию хоҷагӣ ва Раёсати назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит вохӯриҳои алоҳида анҷом дода, ба саволҳо дар мавриди самтҳои дахлдор ҷавобҳои мушаххас гирифт.

Намояндагони ҷопонӣ инчунин бо фаъолияти Маркази коркарди маълумоти Хадамоти гумрук шинос гардиданд. Дар ин замина сардори маъмурияти системаи идораи таваккал ба ҳайати меҳмонон доир ба фаъолияти низомҳои мавҷуда маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо Протоколи ҷаласа оид ба гузаронидани таҳқиқоти омодасозӣ барои лоиҳаи такмили таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар гумруки Спитаменро, ки дар хатсайри байналмилалии транскаспӣ ҷойгир аст, ба имзо расониданд. Ҷонибҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкории мутақобили судманд дар самти фаъолияти гумрукӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 11, 2025 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид