Муҳокимаи парлумонӣ дар Маҷлиси намояндагон
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо иштироки роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» дар 9 моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Таъкид шуд, ки омилҳои имрӯзаи ноустувории иқтисодии ҷаҳонӣ моро водор месозанд, ки оид ба пешгирӣ намудани таъсири онҳо ба иқтисодиёти миллӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешем.
Дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ манбаи асосие, ки метавонад ҳадафҳои стратегӣ ва иҷтимоии мамлакатро таъмин намояд, буҷети давлатӣ мебошад.
Дар ин замина вазифаи тамоми вазорату идораҳои аз буҷет маблағгузоришаванда аз он иборат аст, ки хароҷоти мақсадноку шаффофи маблағҳои буҷетӣ, назорат ва риояи қатъии интизоми молиявиро таъмин намоянд.
Барои амалӣ намудани ин мақсад пешбурди сиёсати устувори буҷету андоз ва иҷрои барзиёди он, ҷалби захираҳои иловагии молиявӣ, зиёд намудани даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, роҳ надодан ба хароҷоти иловагии бесамар ва баланд бардоштани интизоми молиявӣ дар доираи стратегияву барномаҳои давлатӣ имконпазир мебошад.
Дар интиҳои муҳокимаи парламентӣ баъди музокироти вакилони мардумӣ бо масъулини соҳа бо назардошти таклифу пешниҳодҳое, ки дар маърузаҳо иброз гардиданд, тавсияҳои дахлдор қабул шуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






