Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
ДУШАНБЕ, 10.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафарашон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ман гуфта буданд, ки «дарсҳоятро нағз хон, туро дастгирӣ мекунем». Аз ин маслиҳати падаронаи Сарвари давлат хеле руҳбаланд гардидам. Баъд аз он талоши бештар намудаму ба орзуям расидам-сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гаштам. Чунин иброз намудааст хонандаи синфи 9-и Мактаби президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова, ки имсол дар номинатсияи «адабиёти классикии тоҷик»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори Шоҳҷоиза гардид.
Шаина таассуроти худро аз иштирок дар ин озмун иброз дошта, аз ҷумла чунин гуфт: «Барои иштирок дар даври ниҳоии озмун ба шаҳри Душанбе омадам. Дидам, ки пойтахти мо – шаҳри Душанбе хеле зебою пешрафта шудааст, аз он ифтихорманд гаштам. Ман шумораи зиёди довталабони озмунро дида, дар ҳайрат афтодам, ки ин қадар ҳамватанони лаёқатманду соҳибистеъдод дорем. Аз ҳама муҳим, доварон бисёр сахтгир буданд ва озмунро шаффоф гузарониданд».
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, Шаина дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ таҳсил намуда, дар хобгоҳи ин муассисаи таълимӣ истиқомат мекунад. Ӯ лаёқату истеъдоди фавқулода ва дастовардҳои зиёд дорад. Соли 2020 дар «Библиомарафон»– озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ, соли 2021 дар даври ниҳоии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии «Маснавихонӣ», соли 2023 дар олимпидаи фаннӣ аз забону адабиёти тоҷик дар ҷумҳурӣ, имсол дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пирӯз гашт.
«Ғолиб омадан дар чунин озмун хеле мушкил аст, зеро дар он беҳтарин довталабон аз ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ҷамъ меоянд. Шояд як сабаби пирӯз шуданам ин бошад, ки ман бо устодам ба ин озмун ду соли тамом омодагӣ гирифтем. Ҳар як шеъру ғазалро аз аввал то охир таҳлил кардем, луғат азёд кардам, аз адабиёти иловагӣ истифода бурдем, маслиҳати дигар устодонро гирифтем»,- баён дошт Шаина.
Ӯ илова намуд, ки «дар ин номинатсия ғолиб омадан ниҳоят душвор аст, вале ман бо ёрии устодам омодагии комил доштам. Низомномаи озмунро ҳам гаштаву баргашта омӯхтем ва аз рӯйи талаботи он тайёрӣ дидем. Озмун озмун аст, доварон ҳамин қадар саволборон карданд, ки чӣ қадар вақт гузашт, хабар наёфтам. Хушбахтона, ба ҳамаи саволҳои доварон ҷавоби пухта дода тавонистам».
Ба гуфтаи Шаина, ба худ боварӣ доштан ниҳоят зарур, ё худ шарти аввалин аст. Баъдан, азбаски ман қаблан дар озмунҳои дигар иштирок карда будам, таҷриба доштам ва таҷриба ҳам дар баробари донишу омодагӣ як ганҷи бузург аст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара даври аввали (муассисавии) Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд
Лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
3 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои дастгирии лоиҳаҳои филмсозони ҷавон ягон монеа вуҷуд надорад






