Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд

Декабрь 20, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 20.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни сеюми байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи  давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо роҳнамоии Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон зиёда аз 60 ҷавон аз ҷумҳурӣ дар озмун иштирок намуд. Аз ҷумла, 4 нафар: Аҳмадҷон Назаров-донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Лола Иргашева- хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат», Зарнигор Бадалзода- хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» ва Албина Бердникова- омӯзгори Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат» сазовори ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Озмуни сеюми байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ»  хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ, инчунин омӯзгорон аз давлатҳои аъзои Ташкилоти патентии Авруосиёӣ иштирок намуданд.

Озмун аз моҳи сентябр то декабри соли 2024 идома ёфта, дар он зиёда аз 900 нафар аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Беларус, Қазоқистон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 20, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид