Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози амнияту субот ва эътимоду боварии шаҳрвандон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар байни 140 давлати ҷаҳон дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Ин маълумот дар Раддабандии солонаи ҳуқуқ ва тартиботи Пажуҳишгоҳи амрикоии Созмони Геллап «Gallup2024» оварда шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин раддабандӣ Тоҷикистон ва Сингапур бо гирифтани 95 хол дар рейтинги умумиҷаҳонии бехатарӣ баъди Давлати Кувайт қарор доранд.
Зимни таҳқиқот 146 000 нафар пурсида шуданд.
Сокинони аксар давлатҳо иброз доштанд, ки дар вақти шабона ҳангоми сайругашт кардан эҳсоси амният мекунанд.
Аз рӯи натиҷаи назарпурсие, ки муаллифони раддабандӣ гузаронидаанд, тоҷикистониён низ изҳор доштаанд, ки зимни гаштугузори шабона ҳеҷ хатареро эҳсос наменамоянд ва ба мақомоти ҳифзи тартибот бовар доранд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






