Президенти Тоҷикистон: «Аз моҳи майи соли 2027 норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон пурра бартараф мегардад»
ДУШАНБЕ, 28.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф гардида, Тоҷикистон ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил мегардад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз намуданд.
Бояд гуфт, ки бунёди иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти расидан ба истиқлоли энергетикии Тоҷикистон нақши бузург мегузорад. Саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди ин иншооти бузург назир надорад.
Неругоҳи «Роғун» беназиртарин тарҳи гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, бо истифодаи неруи барқи ин иншоот дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии мамлакат имконияти хуб пайдо мешавад.
Имрӯз неругоҳи «Роғун» ба майдони воқеии нангу номус ва арсаи фидокории мардум ба хотири фардои дурахшони Тоҷикистон табдил гардидааст. Бо пурра ба истифода додани неругоҳ Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ мушарраф мегардад, ки ин бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ҳамзамон иброз доштанд, ки «дар ду соли охир дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз буҷаи давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардид. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд».








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






