Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.
Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд.
Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд.
Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд.
Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд. Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд.
Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд.
Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
МАЪЛУМОТНОМА
НЕЪМАТЗОДА Маликшо Маҳмадшо
аз 02 ноябри соли 2020 дар вазифаи Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 11 феврали соли 1969 Ҷои таваллуд шаҳри Кӯлоб
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, соли 2005 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ, соли 2009 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм кардааст
Ихтисос филолог, муаллими забон ва адабиёти пушту ва тоҷикӣ,
сиёсатшиноси байналхалқӣ
Рутбаи дипломатӣ: мушовири дараҷаи 1 (16.09.2014)
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, пушту, форсӣ, англисӣ
Вакили халқ ҳаст ё не нест
Бо мукофотҳои ҳукуматӣ сарфароз гардонида шудааст ё не — соли 2011 ордени Шараф дараҷаи II
Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 3 фарзанд
Суроға шаҳри Душанбе, кӯчаи Истаравшан хонаи 10, ҳуҷраи 2
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1986-1987 Китобдори китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1987-1989 Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, шаҳри Казакова
Солҳои 1989-1994 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 1994-1997 Сармуҳаррири нашриёти «Каломи Бадеъ»-и Маркази фарҳангии Арабӣ, шаҳри Душанбе
Солҳои 1997-1999 Сарвари Ширкати хусусии «Ҷалил», шаҳри Душанбе
Солҳои 1999-2001 Мушовири намояндаи минтақавӣ дар намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Россия, шаҳри Санкт-Петербург
06-12 соли 2001 Мутахассиси пешбари шӯъбаи робита бо кишварҳои ИДМ-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2001-2003 Мутахассиси пешбари Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2003-2007 Мудири бахши Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
03-10 соли 2007 Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2007-2014 Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумат
Солҳои 2014-2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия ҳамзамон дар Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Чехия
Солҳои 2018-2020 Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
01-03 соли 2020 Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
03-11 соли 2020 Раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
аз ноябри соли
2020 то имрӯз Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
МАЪЛУМОТНОМА
аз 6-уми марти соли 2020 дар мансаби муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 14-уми феврали соли 1984 Ҷои таваллуд шаҳри Ҳисор
Миллат тоҷик Таҳсилот олӣ
Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос филолог, муаллим
Унвони илмӣ номзади илмҳои филологӣ
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Суроға шаҳри Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Навобод, деҳаи Ғуриёт
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2004-2005 Омӯзгори фанни забон ва адабиёти мактаби асосии №49, шаҳри Душанбе
Солҳои 2005-2007 Омӯзгори забон ва адабиёти мактаби асосии №3, деҳаи Ғуриёти шаҳри Ҳисор
Солҳои 2007-2010 Аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи назария ва адабиёти навини форсӣ-тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2010-2011 Котиби илмии назди муовини ректор оид ба илм, оператори Раёсати илм ва навоварии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2014 Котиби илмии Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2014-2020 Муовини раиси шаҳри Ҳисор
Аз 6-уми марти соли 2020 то ҳоло муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАЪЛУМОТНОМА
аз июни соли 2023 дар мансаби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд кор мекунад
Соли таваллуд 17 сентябри соли 1984 Ҷои таваллуд шаҳри Хуҷанд
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
солҳои 2006 ва 2011 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшинос
Унвони илмӣ номзади илмҳои таърих
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ, форсӣ, арабӣ
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
Вазъи оилавӣ оиладор
Суроға шаҳри Хуҷанд, кӯчаи К.Хуҷандӣ №121
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2004-2006 Мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони вилояти Суғд
Солҳои 2006-2007 Мутахассиси Идораи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2007-2008 Ассистент, омӯзгори кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Солҳои 2008-2009 Омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик ва фанҳои ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Солҳои 2009-2011 Ходими илмии Маркази илмӣ-тадқиқотӣ ва методии «Тоҷикистон: таърих, сиёсат, замони муосир»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Солҳои 2011-2012 Дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014 Дотсенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Солҳои 2014-2018 Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд
Солҳои 2018-2023 Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд
аз июни соли
2023 то ҳол Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд