Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик намуд

Декабрь 16, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати дубора ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардидан табрик гуфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар барқия, аз ҷумла гуфта шудааст: «Муҳтарам президент, ман аз дубора интихоб шуданатон ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон хушнуд шудам. Интихоби якдилонаи Шумо барои солҳои 2024-2028 дар Конгресс далели эътимод ва боварии оилаи футболи Тоҷикистон ба шумо ва дурнамоятон дар рушди минбаъдаи варзиши маҳбуб дар давлати  зебои шумост. Лутфан, табрикоти самимии маро қабул кунед ва итминон дошта бошед, ки ташаббусҳои Шумо аз ҷониби ман ва Конфедератсияи футболи Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.

Шубҳае надорам, ки Шумо минбаъд низ дар рушди футболи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоред. Умедворам, ки ба зудӣ бо Шумо вохӯрам ва дар роҳи боз ҳам беҳтар кардани сатҳи футбол дар Осиё ҳамкории зич хоҳем дошт».


Ёдовар мешавем, ки 14 декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 16, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд