Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои маблағгузории сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми 350 миллион доллари ИМА қарори дахлдор қабул намуд

Декабрь 18, 2024 18:54

ДУШАНБЕ, 18.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр аъзои Шурои Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ зимни ҷаласа барои дар марҳилаи якуми маблағгузории сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҷудо намудани гранти Ассотсиатсиаи байналмилалии рушд  (АБР) дар ҳаҷми 350 миллион доллари ИМА  қарори дахлдор  қабул намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз ҷониби роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ таъкид гардид, ки лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқии обии «Роғун» даҳ шарики рушдро бо роҳбарии Бонки ҷаҳонӣ муттаҳид  намуд, ки ин дастоварди муҳим ба ҳисоб рафта  метавонад барои лоиҳаҳои монанд  дар минтақа ва ҷаҳон намуна бошад.

Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор Пайрав Амирзода изҳор намуд, ки тақрибан 60 фоизи захираҳои оби минтақа ба  Тоҷикистон рост меояд.

«Захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар як сол ҳудуди 527 миллиард кВт/соат-ро ташкил медиҳанд, ки то имрӯз ҳамагӣ 5 фоизи онҳо истифода шудааст. Мамлакати мо дар айни замон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҷаҳон ҷои шашумро ишғол мекунад»,-изҳор намуд Пайрав Амирзода.

Таъкид гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун» лоиҳаи энергетикии «сабз» буда, баъди  анҷоми сохтмони  он мушкилоти норасоии барқ  дар  мамлакат бартараф мегардад ва фаъолияти он ба кишварҳои минтақа низ метавонад манфиатовар бошад. Ин неругоҳи барқи обӣ  дар коҳиши  партовҳои карбонӣ дар Тоҷикистон нақши калидӣ бозида, ба кам кардани карбонҳои шабакаҳои барқ дар саросари Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои иқтисоди Тоҷикистон, некӯаҳволии мардуми он ва таъминоти кишварҳои минтақа бо  барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза  ниҳоят  муҳим аст. Неругоҳи Роғун пас аз анҷомёбӣ барои расидан ба яке аз ҳадафҳои калидии стратегии мамлакат – истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат менамояд, ки ба ин васила  сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам баланд гардида,  имконияти нави рушд фароҳам оварда мешавад.

Роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва аъзои шурои он бо назардошти муҳимияти ин лоиҳа барои Тоҷикистон ва минтақа дастгирии онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки маблағи умумии лоиҳа  650 млн. доллари ИМА буда, ҷудо намудани он дар ду марҳила пешбинӣ шудааст.

Марҳилаи якуми лоиҳа  350 млн. доллари ИМА ва марҳилаи дуюми он  300 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Декабрь 18, 2024 18:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд