ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 декабр, сешанбе, 338-умин рӯзи соли 2024 аст
3 декабри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин сафари расмӣ ба Фаронса рафтанд.
***
3 декабри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» қабул гардид.
***
3 декабри соли 2009 созишномаи ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони моҳномаи «Вашингтон дипломат»-и Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоҳиба оростанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори хабарнигорони амрикоӣ оид ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот дар минтақа, пешгирӣ аз таҳдиду хатарҳои аз Афғонистон сарчашмагиранда, рафъи мушкилот дар роҳи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, истифодаи босамар аз захираҳои фаровони табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон посух доданд.
***
3 декабри соли 2010 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории Тоҷикистон ва хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид.
***
3 декабри соли 2019 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба Узбекистон рафтанд.
***
3 декабри соли 2020 сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) Эъломия ва Изҳоротро дар бораи ташаккули тартиботи одилонаи ҷаҳонӣ қабул намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти рушди иқтисоди «сабз» муаррифии «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037»-ро бо иштироки васеи намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор намуд.
***
3 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим бо Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ Аҷай Банга мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ муҳокима гардид.
3 ДЕКАБР:
Рӯзи байналмилалии маъюбон.
***
Дар Русия – Рӯзи ҳуқуқшиносон.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Асалбек Назриев-соли 1948- ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.