ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 декабр, шанбе, 342-юмин рӯзи соли 2024 аст

Декабрь 7, 2024 08:00

7 декабри соли 2005  бо иштироки Сарони давлат ва ҳукуматҳои 54 мамлакати олам, аз ҷумла Тоҷикистон дар шаҳри Маккаи Мукаррамаи мамлакати Арабистони Саудӣ иҷлосияи фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ баргузор гардид. Дар хотимаи мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмон санади ниҳоӣ бо номи рамзии «Баёнияи Макка» қабул гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 аввалин маротиба хатсайри нави «Душанбе–Оренбург–Душанбе» ба роҳ монда шуд.

***

7 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии филми ҳуҷҷатии «Тоҷикистон -муқобили маводи мухаддир» баргузор гардид.

***

Соли 2011 дар идораи Минтақаи озоди  иқтисодии «Суғд» ду корхонаи дигар – Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Зарафшон» ва Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Равзана Пластик» сабт шуд.

***

7 декабри соли 2012 дар Муассисаи давлатии «Маркази худогоҳии бонувони шаҳри Душанбе»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе консерти «Душанбе – шаҳри амн ва дӯстдоштанӣ» доир шуд.

***

7 декабри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо оид ба масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ба шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария сафар намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 ҳайати расмии Тоҷикистон бо гурӯҳи калони соҳибкорони соҳаи тибби Арабистони Саудӣ мулоқот ва вазъи ҳамкории дуҷонибаи соҳавиро баррасӣ намуд.

***

7 декабри соли 2018 дар Душанбе машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 муштзани тоҷик Асрор Воҳидов дар мусобиқаи RCC Boxing соҳиби медали тилло гардид.

***

7 декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Беҳдошти устуворӣ ба офатҳои табиӣ: истифодаи маълумот, технология ва сиёсат барои таъмини ояндаи бехатар» ҷаласаи ҳаштуми гурӯҳи коршиносони минтақавӣ оғоз ёфт.

7 ДЕКАБР:

Дар Тоҷикистон — Рӯзи кормандони мақомоти молия.

***

Рӯзи байналмилалии авиатсияи гражданӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ёдбуди қурбониёни бар асари заминларза ҳалокгардида.

Декабрь 7, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Варзоб пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт
Дар Академияи миллии илмҳо бахшида ба 90 – солагии профессор Муқаддима Ашрафӣ конференсия баргузор шуд
Сокинони Ҷамоати деҳоти «Чорбоғ»-и ноҳияи Қубодиён дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд
Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Корея дар соҳаи маъданҳои муҳим баррасӣ гардид
Ба поси хотири Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо барномаи фарҳангию адабӣ доир карда шуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Бо саҳми соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Қубодиён муассисаи томактабӣ бунёд гардид
Таҳти унвони «Меандешам пас ҳастам» намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Сӯҳроб Қурбонов оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. 2 километр роҳи деҳаи Чузӣ дар Шаҳринав мумфарш карда шуд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи ташаккули низоми нави радио, телевизион ва интернет конфронси илмӣ -амалӣ баргузор шуд
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар Хатлон Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд