Табрикоти Федератсияи байналмилалии футбол ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ

Декабрь 16, 2024 17:30

 ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Маттиас Графстрём Рустами Эмомалиро ба муносибати бори дигар интихоб шудан ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон табрик гуфт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар барқия, аз ҷумла гуфта шудааст: «Муҳтарам президент, бо камоли хушнудӣ шуморо ба муносибати дубора интихоб шуданатон ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Бесаброна интизори идомаи таҳкими муносибатҳо ва шарикӣ бо Шумо ва дастаатонам, зеро мо якҷоя корамонро барои пешбурд ва рушди бозии бузурги футбол дар саросари Тоҷикистон ва Осиё давом медиҳем.

Дар якҷоягӣ бо тамоми дастаи ФИФА барои амалӣ кардани нақшаҳоятон омодаем ва тавассути барномаҳои гуногун дар таҳкими минбаъдаи ин варзиши зебо дар ҳама сатҳҳо кумак мерасонем.

Ман инчунин мехоҳам аъзои Кумитаи иҷроияро, ки дар қатори шумо интихоб шуданд, табрик намоям. Таҷриба ва садоқати онҳо дар давраи ваколати қаблии шумо нишон дод, ки дар дастгирии қарорҳо ва роҳнамоии ояндаи федератсияатон нақши муҳим мебозанд.

Ман низ бесаброна интизори вохӯрӣ бо шумоям. Итминон дорам, ки ин имконияти хубест барои муҳокимаи минбаъдаи ҳадафҳои мо дар рушди футбол ва чӣ гуна мо метавонем ба шумо манфиатовар бошем.

Бори дигар шуморо бо ин дастоварди шоиста муборакбод мегӯям. Ба Шумо комёбиҳои нав орзумандем ва омодаем, ки кӯшишҳои шуморо дар ҳар қадам дастгирӣ намоем».

Ёдовар мешавем, ки 14 декабр дар шаҳри Душанбе Конгресси ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муҳлати чор соли дигар президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Декабрь 16, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд