Тавсеи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. 4 декабр мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо ҳайати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таҳти роҳбарии муовини намояндаи махсус оид ба Афғонистон Алекс Кэмерон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва робитаҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ, талошҳои ду давлат барои ҷустуҷӯи роҳи мусолиҳатомези ҳалли осоиштаи буҳрони Афғонистон ва барқарорсозии инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии он мубодилаи афкор намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро муҳим арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла, директори Марказ Хайридин Усмонзода аҳамияти густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Британияи Кабирро дар масъалаҳои муҳим, аз қабили энергияи «сабз», татбиқи стратегияи иқтисоди «сабз», таъмини гуногунсамтии муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок иброз намуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






