ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед

Декабрь 21, 2024 08:39

ДУШАНБЕ, 21.12.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гарм кардани манзилҳои истиқоматӣ  бо истифода аз ангишт тавсия медиҳад, ки сокинон қоидаҳои махсуси истифодаи онро бояд риоя намоянд.

Бояд гуфт, ки хонаҳоро бо ангишт бештар дар деҳаҳои мамлакат гарм мекунанд. Аслан сокинони деҳот ин василаи гармкуниро воситаи хуби наҷот аз сардӣ меноманд. Истифодаи ангишт агар аз як ҷиҳат манфиатовар бошад, аз тарафи дигар, дар ҳолати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ метавонад оқибатҳои нохуш ба бор орад.

Ҳангоми сӯхтани ангишт гази оксиди карбон (СО), дуоксиди карбон (СО2), оксиди нитроген (NO2), оксиди сулфур (SO2), дуда ва дигар металлҳои вазнин, ки ба саломатии инсон хатарнок ҳастанд, ихроҷ мешаванд.

Бахусус дар ҳолати пурра насӯхтани ангишт гази марговари оксиди карбон (СО) ҳосил шуда, дар сурати мутобиқ набудани ҳавокаши бухорӣ ба дохили бино паҳн гардида, метавонад одамонро заҳролуд ва ҳатто дучори марг намояд.

Ин газ бӯй ва ранг надорад, аз ин лиҳоз дар дохили хона паҳншавии онро инсон пай намебарад. Таъсири он ба инсон зиёд буда, асосан ба вайроншавии баъзе функсияҳои асаб (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 2-5%), тағйирёбии фаъолияти дил ва шушҳо (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво аз 5% зиёд), дарди сар, хоболудӣ, мушкилоти нафаскашӣ ва ба марг дучор кардан (ҳангоми мавҷудияти оксиди карбон дар таркиби ҳаво 10-80%) сабаб мегардад.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба сокинони мамлакат тавсия медиҳад, ки барои аз таъсири газҳои заҳрноки ангишт ҳифз намудани хонавода  аз бухориҳои мувофиқ истифода намоянд.

Бухорӣ бояд қобилияти ҳавокашии қубури дудпарторо дошта бошад. Ҳангоми истифодаи ангишт ҳавои хона бояд мунтазам иваз карда шавад. Бухорӣ ва дудбарои он бояд дуруст насб карда шавад, сари вақт сарпӯши онро маҳкам кардан ва ҳамеша дудбарои бухориро назорат ва тоза кардан кори хеле зарурӣ аст.

Шахсе, ки бо ин газ заҳролуд шудааст, бояд фавран ба ҳавои кушод бароварда шуда, барои бартараф намудани оқибати таъсири он сари вақт ба муассисаҳои тандурустӣ бояд муроҷиат карда шавад.

Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки беҳушшавии инсон ҳангоми фаъолияти вазнини инсон дар муддати 1-2 соат ва дар ҳолати оромӣ дар муддати 3-6 соат ба вуҷуд меояд. Оксиди карбон ба ҷараёни хун ворид мешавад ва бо молекулаҳои гемоглобин бо оксиген рақобат мекунад. Ин модда нисбат ба оксиген ба гемоглабини хун қавитар пайваст мешавад. Ҳар қадаре, ки оксиди карбон дар ҳаво зиёд бошад, ҳамон қадар гемоглобин ба он пайваст мешавад ва оксиген ба ҳуҷайраҳо камтар мерасад. Қобилияти расонидани оксиген ба бофтаҳо халалдор гашта, кашиши рагҳо ба амал меоянд ва фаъолияти иммунологии одам кам мешавад. Ҳамчунин дар раванди сӯхтани ангишт оксиди нитроген ва оксиди сулфур ихроҷ мегардад, ки онҳо низ метавонанд ба саломатӣ таъсири манфӣ расонида, инсонро ба бемориҳои гуногун дучор намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 21, 2024 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ ВА РИСОЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ. Андешаҳо дар ин маврид