Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Осиё дар Шоҳигарии Баҳрайн иштирок доранд

Декабрь 9, 2024 16:52

ДУШАНБЕ, 09.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди устувор, ки дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор мегардад, иштирок доранд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, вакилони Маҷлиси намояндагон дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиё, ҷаласаи Кумитаи Шурои тараққиёти иқтисодӣ, Шурои Олӣ оид ба корҳои занон ва дигар ҷаласаҳо иштирок ва суханронӣ менамоянд.

Иштирокчиёни ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн ҳамчунин лоиҳаи қатънома дар бораи ташкили бозори энергияи Осиёро қабул карданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2024 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд