Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок доранд

Декабрь 16, 2024 14:59

ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Форуми 19-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба идоракунии интернет дар мавзуи «Эҷоди ояндаи рақамии бисёрҷонибаи мо» иштирок менамоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, Форуми 19-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба идоракунии интернет 15 декабр оғоз гардида то 19 декабри соли равон дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ идома меёбад.

Форум бо ташабуси Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид  (UNDESA), Иттифоқи байнипарламентӣ (Inter- Parlamentary Union) ва Шурои Кумита (the Shura Council) баргузор гардида, зимни он масъалаҳои сиёсати рақамии давлатӣ, аз қабили зеҳни сунъӣ, киберамният, идоракунии маълумот ва ҳамкории  рақамӣ муҳокима мегарданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 16, 2024 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба бартараф намудани ҳама гуна ҳуқуқпоймолкунӣ нисбат ба занон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид