Вакилони Маҷлиси намояндагон дар кори Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 16.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Форуми 19-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба идоракунии интернет дар мавзуи «Эҷоди ояндаи рақамии бисёрҷонибаи мо» иштирок менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, Форуми 19-уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба идоракунии интернет 15 декабр оғоз гардида то 19 декабри соли равон дар шаҳри Риёзи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ идома меёбад.
Форум бо ташабуси Департаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (UNDESA), Иттифоқи байнипарламентӣ (Inter- Parlamentary Union) ва Шурои Кумита (the Shura Council) баргузор гардида, зимни он масъалаҳои сиёсати рақамии давлатӣ, аз қабили зеҳни сунъӣ, киберамният, идоракунии маълумот ва ҳамкории рақамӣ муҳокима мегарданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ созишномаҳои нав ба тасвиб расиданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид






