Вобаста ба инноватсия, мушкилоти экологӣ ва технологияҳои каммасраф дар нақлиёт конференсия доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар мавзуи «Инноватсия, мушкилоти экологӣ ва технологияҳои каммасраф дар нақлиёт» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ баргузор шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд, дар конференсия аз тарафи олимону муҳаққиқон зиёда аз 50 мақолаи илмӣ аз рӯйи бахшҳои илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, илмҳои иҷтимоӣ-гуманитарӣ, истифодаи нақлиёти автомобилӣ, электромобилҳо ва мошинҳои гибридӣ, ташкил ва бехатарии ҳаракат дар роҳ, бехатарии воситаҳои нақлиёт, истифодаи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ ва ғайра пешниҳод ва баррасӣ гардиданд.
Мақсади баргузории конференсия табодули таҷриба байни муҳаққиқон, магистрантон ва донишҷӯён мебошад.
Дар кори конференсия намояндагони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ, Раёсати ташхиси криминалистии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт иштирок намуданд.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






