ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар сардхонаҳои махсуси шаҳри Душанбе 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст

Декабрь 3, 2024 15:33

ДУШАНБЕ, 03.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» ба ҳолати 3 декабр 18 238,3 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ захира гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» хабар доданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе нақша тартиб дода шудааст, ки тибқи он захираи маводи хӯрокворӣ бояд дар ҳаҷми зарурӣ захира гардад.

Аз ҷумла, тибқи ин нақша, бояд 3000 тонна картошка, 5000 тонна пиёз, 1000 тонна сабзӣ, 6000 тонна гандум, 2000 тонна шакар, 500 тонна равғани растанӣ, 3000 тонна орд, 100 тонна биринҷ захира шавад.


Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» Фарҳод Расулзода иброз дошт, дар айни замон аз ҷониби корхона дар сардхонаҳои махсуси нигоҳдории маҳсулот 2711 тонна картошка, 5000 тонна пиёз, 3718 тонна гандум, 3154 тонна шакар, 66 тонна равғани растанӣ, 3310,2 тонна орд ва 279 тонна биринҷ захира шудааст.

«Ҳамзамон дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ бисёр маҳсулоти харидашуда дар ҳоли воридшавӣ дар гузаргоҳҳои гумрукӣ қарор дорад», -гуфт Фарҳод Расулзода.

Ба иттилои директори корхона, маҳсулоти захирашуда дорои сифати хуб буда, дар асоси шартномаҳои тарафайн бо ширкатҳои давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Русия, Беларус, Қазоқистон, Ҳиндустон, Покистон ва ширкатҳои ватанӣ харидорӣ ва захира шудааст.


Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар нуқтаҳои сераҳолии шаҳри Душанбе, новобаста аз фасли сол, яъне ҳамарӯза ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ташкил шудаанд.

«Мақсад аз баргузории ин ярмаркаҳо таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад»,-гуфт директори Корхонаи воҳиди давлатӣ «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе».

Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар 15 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт мегарданд.


Ярмаркаҳои доимамалкунанда дар даромадгоҳҳои бозорҳои коммуналӣ ва хусусии пойтахт ҳамарӯза идома доранд.

Директори корхона иброз дошт, ки баргузории чунин ярмаркаҳо ба коҳиш ёфтани нархи бисёр маҳсулоти мавриди ниёзи аввал мусоидат намудааст.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Декабрь 3, 2024 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд