«ЗАН ВА ЗАМОН: 25 СОЛИ МУЗАФФАРИЯТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ доир гардид

Декабрь 26, 2024 16:19

ДУШАНБЕ, 26.12.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» таҳти унвони «Зан ва замон: 25 соли музаффарият» ҳамоиши сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳамоиш бо намоиши филм аз боби дастовардҳои занону духтарони тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ оғоз гардид.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ва нақши занон дар ҳифзи музаффарияти даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими пояҳои навини давлатдории миллӣ изҳори андеша намуд.

Гуфта шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ рисолати инсонофарию ҳаётбахшии занонро ҳамеша қадр намуда, ба сиришти поку номи нек ва заҳмату фидокории онҳо дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамеша арҷ мегузорад.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода оид ба таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа  тавассути интишор ва амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»,  қабул гардидани силсиласанадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти кор бо занон ва оила ва  ғамхориҳои пайвастаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати дастгирии мунтазами ташаббусҳои  наҷиби занону духтарон ибрози назар намуд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 26, 2024 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд