ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар шаҳри Хуҷанд боми якчанд бинои баландошёна таъмир гардид

Декабрь 9, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 09.12.2024. /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи давлатии истифодабарии манзили соҳили чапи шаҳри Хуҷанд бобати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» 730 метри мураббаъ боми биноҳои истиқоматиро таъмир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Дар тавозуни ин корхона 163 бинои баландошёна қарор дорад. То имрӯз бо мақсади дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон боми якчанд бинои баландошёна таъмир шуда, таҷдиди бомҳои боқимонда идома дорад.

Ҳамзамон барои таъмири намои берунии биноҳо, оинабандии даромадгоҳҳо ва тоза озод нигоҳ доштани кӯчаю муҳити зист корҳо идома доранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Декабрь 9, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд