35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Исфара беш аз 121 километр роҳ мумфарш карда шуд

Январь 7, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 07.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 дар шаҳри Исфара беш аз 121 километр роҳҳои шаҳру деҳот  мумфарш гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.

Ҳамчунин барои амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи сари  вақт  омода намудани  соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи  тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025»  дар муассиса корҳои муайян анҷом дода шуда, барои сари  вақт омода намудани соҳа нақшаи чорабиниҳо татбиқ мешавад.

Барои зимистонгузаронӣ 10 техника ва механизм дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои истифодаи мақсадноки техникаю механизмҳои роҳсозӣ ва беҳдошти ҳолати роҳҳои мошингарди маҳаллии истифодаи умум дар ҳама фаслҳои сол корҳои муфид амалӣ карда мешаванд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара

Январь 7, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар якчанд муассисаи таълимии шаҳри Истаравшан корҳои сохтмонӣ идома доранд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Дар шаҳри Левакант муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ ба истифода дода шуд
Дар Қоҳира бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон конфронс баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Ёвон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дар вилояти Хатлон беш аз 400 иншооти дорои аҳамияти давлатӣ бунёд карда шудаанд
Дар Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд