Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хатсайрҳои ҳавоиро афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар соҳаи ҳавопаймоӣ тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин дар ҳоле аст, ки дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Президенти Маъмурияти авиатсияи граждании Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Ал-Дуайлиҷ ва вазири ҳаҷ ва умраи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Тавфиқ ибни Фавзои Ал-Рабия мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкорӣ барои рушди сайёҳии ҳар ду давлат бо назардошти афзун намудани хатсайрҳои мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳокима гардиданд.
Бояд гуфт, ки моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо раиси Идораи генералии авиатсияи граждании Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Ал – Дуайлиҷ доир гардида буд. Зимни он масъалаи фаъол гардонидани хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ байни ду давлат баррасӣ гардида, бо мақсади зиёд намудани теъдоди хатсайрҳо байни мамлакатҳо Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Инчунин соли 2010 дар шаҳри Ҷидда Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ ва соли 2016 дар Риёз Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расиданд, ки дар таҳкими ҳамкории авиатсионии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ қадами муассир арзёбӣ мегардад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






