Аҳли илму адаби Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли илму адаб- шоирон, нависандагон ва пажуҳишгарони ин давлати дӯсту бародар ба Осорхонаи миллӣ ташриф оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Меҳмононро дар саҳни бинои муассиса директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода истиқбол намуда, ташрифи онҳоро ба ин ниҳоди илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Сипас, аз ҷониби корманди муассиса барои меҳмонон сайри осорхонавӣ гузаронида шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири бостоншиносию давраҳои пурифтихори таърихи пурғановати халқи тоҷик ва мероси таърихию фарҳангии бою рангине, ки робитаҳои бисёрҳазорсолаи ду давлатро намоиш медиҳанд, аз наздик шинос шуданд.



Бояд тазаккур дод, ки таваҷҷуҳи бештари тамошобинонро гӯшаи махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ба худ ҷалб намуд.
Ҳайати меҳмонон аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, аҳамияти таърихи муштараки ду давлат, аз ҷумла анъанаҳои илмӣ-адабӣ ва фалсафиро таъкид намуданд.
Аҳли илму адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навиштанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон













Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






