Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиш вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 январ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия аз ҷониби Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) вобаста ба масъалаҳои аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш аз мубодилаи таҷриба ва муҳокимаи равишҳои байналмилалӣ дар самти аккредитатсияи байналмилалии марказҳои минтақавӣ, ки бо дастгирии Агентии байналмилалии неруи атомӣ фаъолият мекунанд, иборат буд. Иштирокчиён ҷанбаҳои муҳими амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ, муқовимат ба таҳдидҳои марбут ба маводи ядроӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафтаро барои таҳкими амнияти глобалӣ баррасӣ намуданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳокимаҳо фаъолона иштирок намуда, бо технологияҳои пешқадами байналмилалӣ, ки дар ҷанбаҳои гуногуни амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ истифода мешаванд, шинос гардид. Дар доираи чорабинӣ сессияҳои махсус оид ба истифодаи технологияҳои муосир, таъмини мониторинги боэътимод ва омодасозии кадрҳо дар ин соҳа баргузор гардид.
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода иброз намуд, ки иштирок дар ҳамоиши Агентии байналмилалии неруи атомӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ ва ҳамчунин гирифтани донишҳо ва таҷрибаи нав барои баланд бардоштани иқтидори миллӣ дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ мебошад.
Илҳом Мирсаидзода гуфт, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба таҳкими муколама байни кишварҳо, балки ба рушди равишҳои амалии ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки бо амният вобастаанд, мусоидат менамоянд.
Дар ҳамоиш ҳайатҳо аз 50 давлати аъзои Агентии байналмилалии неруи атомӣ ҷамъ омаданд, то дар соҳаи амнияти ядроӣ ва бехатарии радиатсионӣ барои мубодилаи таҷриба, таҳияи стратегияҳои муштарак ва муҳокимаи мушкилоти мавҷуда имконияти нодир фароҳам оваранд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






