Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат иштирок намуд

Январь 31, 2025 11:14

ДУШАНБЕ, 31.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 29-30 январ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат доир гардид. Дар ҳошияи он бо иштироки вазирони давлатҳои хориҷӣ ҳамоиш доир шуд, ки дар он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода дар мавзуи «Ҳалли масъалаи инноватсионӣ барои баланд бардоштани шуғли ҷавонон дар бозори меҳнат» суханронӣ намуд.

Тавре хабар дода мешавад, дар  Конфронси дуюми байналмилалии бозори меҳнат масъалаҳои бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими бозори меҳнат, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳо барои бо ҷойи муносиби кор таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ба ҳисоб меравад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд, ки «то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ тадбирҳо андешида шаванд».

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Январь 31, 2025 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон