Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар масъалаи обу энергетика дар Тошканд баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар бахши энергетика ва об дар меҳвари мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини Вазири энергетикаи Қазоқистон Сумгат Есимханов дар Тошканд қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон.
Мусоҳибон ба масъалаи ҷараёни байнидавлатии интиқоли неруи барқ, истифодаи самараноки имконияти техникии мавҷуда ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозӣ дар идоракунии ин равандҳо таваҷҷуҳи махсус доданд.
Ҳамзамон доир ба иҷрои уҳдадориҳои мавҷуда дар доираи созишномаҳои қаблан баимзорасида, бахусус дар соҳаи тақсимоти захираҳои об ва таъмини истифодаи самараноки он табодули назар карда шуд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши муносибатҳои стратегӣ ва амалисозии ташаббусҳои муштарак изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид






