Дар академияи зимистонаи «Ҳаво» масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 01.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои мутобиқшавӣ ва чораҳои пешгирии тағйирёбии иқлим, мониторинги сифати хавои атмосфера, инчунин таъсири ифлосшавии ҳаво ба иқлиму саломатии инсон ва чораҳои пешгирии он дар академияи зимистонаи «Ҳаво»/ «Havo» Winter Academy/, ки дар шаҳри Гулистон баргузор гардид, баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зимни чорабинӣ 20 нафар мутахассисон, олимон ва аспирантони ҷавон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва донишҷӯён зимни омӯзиш таъсири сифати ҳаворо ҳамчун яке аз омилҳои калидии тағйирёбии иқлим омӯхта, бо усулҳои муосири мониторинг шинос шуда, барои таҳияи лоиҳаҳои самарабахши рушди устувор маълумоту донишҳои зарурӣ гирифтанд.
Баргузории академия барои азхудкунӣ ва такмили малакаҳои назариявию амалӣ дар самти мониторинги сифати ҳавои атмосфера, таҳияи корҳои таҳқиқотӣ, инчунин таҳия ва рушди барномаҳои махсуси ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти сифати ҳаво имконияти мусоид фароҳам овард.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






