Дар Ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара таҳти унвони «Модарони тоҷик — эҳёгари хӯрокҳои миллӣ» ҳамоиш доир шуд

Январь 19, 2025 11:20

ДАНҒАРА, 19.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар деҳаи Ғарғараи Ҷамоати деҳоти Корез таҳти унвони «Модарони тоҷик-эҳёгари хӯрокҳои миллӣ» ҷамъомад доир гардид.  Занону  духтарони деҳот   бо ҳам ҷамъ омада, яке аз хӯрокҳои миллии тоҷикон-қурутобро бо тарзу усулҳои хоси миллӣ омода намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода иттилоъ дод.

Қурутоб бештар дар фасли зимистон омода карда шуда, яке аз хӯрокҳои қадимии мардуми тоҷик мебошад. Он аз тарафи  бонувон  бо истифода аз маҳсулоти ширӣ омода гардида, бо илова намудани хӯришҳои гуногун боз ҳам лазизтар мегардад.

Шакароби обӣ ва шакароби дӯғӣ низ намунаҳои дигари қурутоб мебошанд, ки бо тарзи каме аз ҳамдигар фарқкунанда омода мегарданд.

Мақсади асосии баргузор намудани чунин ҷамъомадҳо эҳёи хӯрокҳои миллӣ ва муаррифии он дар байни занону духтарон мебошад. Ҳамчунин дар  ин чорабиниҳо ҷавондухтарон иштирок намуда, бо тарзи омода намудани хӯрокҳои миллӣ шинос мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Январь 19, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд