Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва саноатикунонии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 19.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 январ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таҳти унвони «Рушди иқтисодиёти рақамӣ ва саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад, ҳамоиш ҳузурӣ ва ҳам маҷозӣ баргузор шуда, ба он олимону муҳаққиқон аз пойхтахти ҷумҳурӣ пайвастанд.
Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода дар мавриди муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва татбиқи самараноки он вобаста ба таъмини рушди иқтисодиёти рақамӣ ибрози назар намуд.
Таъкид шуд, ки иқтисодиёти рақамӣ дар саросари ҷаҳон ба як тамоюли асосии рушд табдил ёфтааст, ки ҳадафи он истифодаи технологияи иттилоотӣ барои баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст.
Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Иқтисоди рақамӣ ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ», «Амалигардонии саноатикунонии босуръат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Заминаҳои ташаккул ва рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.
Гуфта шуд, ки дар ҷаҳони муосир иқтисоди рақамӣ ба яке аз унсурҳои муҳими пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ имконият медиҳад, ки равандҳои истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти иҷтимоӣ самаранок гарданд. Ҷомеаи иттилоотӣ, ки бо истифодаи фаъоли технологияҳои рақамӣ хос аст, дар таъмини шаффофият, омӯзиши донишҳои нав ва густариши инноватсия нақши калидӣ мебозад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






