Дар Душанбе созишномаҳои грантӣ бо Бонки олмонии рушд ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз маросими баимзорасонии ду созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки олмонии рушд (KfW) ба маблағи умумии 10 миллион евро баргузор гардид, ки онҳоро Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф ва Директори минтақавии KfW дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер имзо намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷонибаи мамлакат бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Бонки олмонии рушд (KfW) сол ба сол рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Таъкид гардид, ки ин лоиҳаҳо барои сохтмони бинои иловагӣ дар Пажуҳишгоҳи миллии илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин таҷдиди Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат бо таҷҳизоти муосир пешбинӣ шудаанд. Татбиқи муваффақонаи ин лоиҳаҳо ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани ҳифзи саломатии модару кӯдак ва дастрасии аҳолӣ ба ёрии таъҷилии тиббӣ равона гардидааст.
Солҳои охир ҷониби Олмон барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» 63 миллион евро, сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 14 миллион евро, рушди инфрасохтори деҳот 20 миллион евро, занҷираи арзиши иловашудаи кишоварзӣ 9,6 миллион евро, сохтмони беморхонаи бемориҳои руҳию сил 11 миллион евро ва дар маҷмуъ 128 миллион евро маблағҳои грантӣ ҷудо намудааст.
Завқӣ Завқизода ба Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва Бонки олмонии рушд (KfW) барои дастгирӣ ва саҳми онҳо дар рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






