Дар Маҷлиси намояндагон Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Январь 29, 2025 17:45

ДУШАНБЕ, 29.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид, ки зимни он  Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Ҳамзамон дар иҷлосия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Чиллазода Қарахон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода С.» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Холмаҳмадзода С.» баррасӣ шуданд.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон ба хотири эътибори ҳуқуқӣ (ратификатсия) пайдо намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Аҳднома оид ба муносибатҳои ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 18 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, баъд аз тасдиқ (ратификатсия) ва мубодилаи тасдиқномаҳо мавриди амал қарор мегирад.

Аҳднома дар заминаи Аҳднома оид ба дӯстии абадӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон (ш.Душанбе, 15 июни соли 2000) ва Шартномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон (ш.Тошканд, 17 августи соли 2018) омода гардидааст.

Аҳднома аз нигоҳи сиёсати хориҷӣ мувофиқи мақсад буда, ба Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти шарикии стратегӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон ба афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Муҳтавои он бар зидди давлатҳои минтақа равона нашудааст ва ба робитаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ таъсири манфӣ намерасонад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 29, 2025 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид
6 феврал Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид