Дар Москва бахшида ба раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 брифинг баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 23.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 январ Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бинои Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Москва таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд, ки дар доираи он бахшида ба раёсати мамлакат дар ин Иттиҳод брифинг баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Москва хабар медиҳад, дар брифинг Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Намояндаи ваколатдори мамлакат дар ин комиссия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Тарафҳо дар зимн беш аз даҳ масъалаи рӯзномаи ҷаласаро, ки самтҳои мухталифи равобити бисёрҷонибаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро танзим менамоянд, мавриди баррасӣ қарор дода, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Русия








Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд






