Дар ноҳияи Мастчоҳ масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ гардид

Январь 28, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 январ дар ноҳияи Мастчоҳ зимни машварати корӣ бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо кишоварзон ва фаъолони ноҳия масъалаҳои стратегии рушди соҳаи кишоварзӣ мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар ҷаласа масъалаҳои барқарорсозии хатҳои муҳофизатии байнихоҷагӣ, истифодаи усули нави кишти чигит дар зери плёнка, омодагӣ ба мавсими кишт, таъмини тухмии хушсифат ва дуруст тақсим намудани оби полезӣ ва омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ муҳокима шуданд. Инчунин ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, барқарор намудани хатҳои муҳофизатӣ байни хоҷагиҳо, татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ, фаъолияти гармхонаҳо, рушди парандапарварӣ ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки «кишоварзӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ буда, таъмини пешрафти он тавассути банақшагирии дуруст имконпазир аст. Мо бояд майдонҳои кишти пахтаро васеъ намуда, аз тухмии хушсифат истифода барем, зеро ин метавонад ҳосилнокиро ба таври назаррас боло барад. Инчунин таъмини кишоварзон бо маводи зарурӣ, аз ҷумла нуриҳо ва техникаи кишоварзӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи мо бошад».

Таъкид шуд, ки шинонидани дарахтон ва сабз нигоҳ доштани муҳит на танҳо ба беҳтар шудани вазъи экологӣ, балки ба баланд бардоштани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Заминҳои бекорхобида бояд ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шаванд. Дар ин самт мо аз технологияҳои муосир истифода хоҳем бурд, то ин заминҳо ҳосилхез гарданд.

Гуфта шуд, ки гармхонаҳо бояд на танҳо барои таъмини бозорҳо, балки барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ истифода шаванд. Сифати маҳсулот барои бозори дохилӣ ва хориҷӣ бояд дар сатҳи баланд нигоҳ дошта шавад. Ҳар гармхона бояд ба истеҳсоли маҳсулоти экологӣ мусоидат кунад.

Муовини Сарвазири ҷумҳурӣ бо истинод ба дастурҳои Президенти  Тоҷикистон илова намуд, ки парандапарварӣ яке аз самтҳои муҳим барои таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад. Таъмини тухм ва гӯшти паранда бо сифати баланд барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва қонеъ намудани талаботи аҳолӣ зарур аст.

Дар анҷоми машварат масъулин уҳдадор шуданд, ки тамоми қувва ва имкониятро ба татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда равона намуда, дар рушди устувори соҳаи кишоварзӣ саҳм гузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Январь 28, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
РОҲИ БЕҲТАР ВА БЕХАТАР. Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар муддати 8-10 соат то шаҳри Душанбе мерасанд