Дар ҳошияи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Женева ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон тарғиб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 23.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ифтитоҳи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, аз ҷониби Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо роҳбарони созмонҳои Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, Дафтари Аврупоии Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид ва Конвенсияи Ромсар оид ба ботлоқзор мулоқоти дуҷониба анҷом дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Баҳодур Шерализода зимни мулоқот бо Директори Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ хонум Паола Албрито, Котиби генералии Конвенсияи Ромсар оид ба ботлоқзор доктор Мусонда Мумба ва Директори минтақавии Дафтари Аврупоии Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид Арнолд Крейлхубер оид ба муҳимтарин ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ҳифзи пиряхҳо маълумот дод.
Инчунин раиси Кумита оид ба омодагии Тоҷикистон ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар Душанбе доир мешавад, маълумот дода, ҳайатҳои кишварҳои иштироккунандаро ба ин чорабинии муҳим даъват намуд.
Ин вохӯриҳо қадами муҳим дар самти таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим буда, нишони пешсафии глобалии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва об мебошанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






