Дар шаҳри Гулистон корхонаи саноатии «Тиглат» оид ба истеҳсоли рангҳо бунёд мешавад

Январь 22, 2025 09:18

ДУШАНБЕ, 22.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Гулистони вилояти Суғд корхонаи саноатӣ оид ба истеҳсоли рангҳо ва хокаи ороишию пардоздиҳии «Тиглат» бунёд карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар айни замон сохтмони биноҳои ёрирасон ва васлу насби дастгоҳҳои муосир ҷараён дошта, баробари фаъол гардидани корхона 70 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Таҷҳизоти нави корхона аз Чин ва Туркия ворид шуда, тамоми раванди истеҳсолот мутобиқ ба талабот ва меъёрҳои соҳа амалӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки рушди соҳаи саноат дар мамлакат ва бунёди корхонаҳои саноатӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад.

  АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Январь 22, 2025 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Одил Дониш хостори тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон гардидааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд