Дар шаҳри Ҳисор ба маъюбон аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави сиёсати раъиятпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъюбон аз ҷамоатҳои шаҳраки Ҳисор, деҳоти Мирзо Ризо, Хонақоҳи Кӯҳӣ, Ҳисор, Мирзо Турсунзода аробачаҳои маъюбӣ, инчунин туҳфаҳо ва маводи хӯрокворӣ расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.
Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус маъюбон тадбирҳои судманд андешида мешаванд.
Дар Тоҷикистон ниёзмандону шахсони имконияташон маҳдуд зери парасторӣ ва ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии шаҳри Ҳисор








33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд
МАКТАБИ МАРДОНАГӢ. Волидайни сарбозон ба қисмҳои ҳарбӣ ба дидори фарзандонашон рафтанд
Ба дӯстонатон рақами мобилиро барои муоширати муфид туҳфа намоед!
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Донишҷӯёни Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор бо шароити хизмати сарбозон шинос шуданд
Муштарии ZET-MOBILE миллионер шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






