Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 20.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он соли 2026-ро Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд, дар шароити муосири геополитикӣ аҳамияти бунёдии стратегӣ дорад. Ин ташаббуси саривақтӣ на танҳо иқдоми фарҳангӣ, балки ҷузъи ҷудонашавандаи амнияти миллии мамлакат маҳсуб шуда, дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо масъалаи ҳифзи ҳувият ва асолати миллӣ ба яке аз омилҳои калидии бақои давлатдорӣ табдил ёфтааст. Худшиносии миллӣ дар илми сиёсатшиносии муосир ҳамчун маҷмуи тасаввурот, эҳсосот ва донишҳое фаҳмида мешавад, ки шахсро бо миллат ва давлат пайванд дода, масъулияти ӯро дар назди гузашта, имрӯз ва ояндаи Ватан муайян месозад.
— Заминаҳои пайдоиш ва ташаккули худшиносии миллати тоҷик реша дар умқи ҳазорсолаҳо дошта, ба тамаддунҳои қадимаи ориёӣ пайванд меёбад. Барои олимон ва хизматчиёни давлатӣ омӯзиши ин заминаҳо тавассути асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров — «Тоҷикон» зарурати касбӣ ва маънавӣ касб менамояд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ба ҳар оилаи тоҷик дастрас гардид. Ин асар танҳо манбаи таърихӣ набуда, «шиносномаи миллат» ва сипари боэътимоди идеологии давлат маҳсуб мешавад. Академик Бобоҷон Ғафуров бо далелҳои қотеи илмӣ исбот намуд, ки тоҷикон халқи қадимтарини ин сарзамин буда, дар ташаккули тамаддуни башарӣ саҳми босазо гузоштаанд. Чунин огоҳӣ аз таърихи пурифтихор дар зеҳни ҷавонон ҳисси ифтихори миллиро бедор намуда, онҳоро аз таҳдидҳои «деидентификатсия» ё аз байн бурдани ҳувият, ки яке аз усулҳои ҷангҳои муосири иттилоотӣ аст, ҳифз менамояд.
Дар шароити кунунӣ яке аз хатарҳои ҷиддитарин ба амнияти давлату миллат раванди радикализатсия ва дохилшавии ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ мебошад. Таҳлилҳои илмӣ-сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки экстремизм аксаран дар ҷойҳое реша медавонад, ки дар он ҷо «вакууми идеологӣ» ва сатҳи пасти худшиносӣ мавҷуд бошад. Ҷавоне, ки аз таърихи давлатдории ниёгони худ, аз корнамоиҳои Куруши Кабир, Исмоили Сомонӣ ва дигар чеҳраҳои барҷастаи миллат огоҳӣ надошта, корнамоиҳои Пешвои муаззами миллатро қадр наменамояд, ба зудӣ таҳти таъсири мафкураҳои бегона ва ифротии «миллатбезорон» қарор мегирад. Гурӯҳҳои гуногуни террористӣ ва хоинони миллат бо истифода аз нофаҳмӣ ва осебпазирии психологии ҷавонон арзишҳои диниро ғаразнок тафсир намуда, онҳоро бар зидди сохти конститутсионии мамлакат ва суботи ҷомеа равона месозанд. Ин ҷараён на танҳо хиёнат ба давлат, балки хиёнат ба решаҳои таърихиву фарҳангии миллати тоҷик мебошад, ки ин миллат бо роҳбарии Пешвои муаззамаш ҳамеша бо таҳаммулгароӣ ва фарҳангдӯстӣ дар ҷаҳон шинохта шудааст.
Дар ин росто, фаъолияти гурӯҳҳои бадхоҳ ва хоинони миллату Ватан, ки аз хориҷи мамлакат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба бадномкунии давлат ва миллати тоҷик машғуланд, бояд аз ҷониби ҷомеаи илмӣ ва хизматчиёни давлатӣ қатъиян маҳкум карда шавад. Ин афрод ва гурӯҳҳо, ки манфиатҳои хоҷагони хориҷии худро аз манофеи миллӣ боло мегузоранд, бо паҳн кардани дезинформатсия ва туҳматҳои беасос мехоҳанд ваҳдати миллиро халалдор созанд. Онҳо бо истифода аз «ҷанги иттилоотӣ» кӯшиш мекунанд, ки дастовардҳои бузурги даврони истиқлолро нодида гиранд ва дар байни ҷомеа тухми нифоқу нобоварӣ бикоранд. Аммо воқеияти таърихӣ ва омории 35 соли истиқлол, аз ҷумла бунёди иншооти азими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун», роҳу нақбҳои стратегӣ ва пешравиҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷавоби дандоншикан ба ҳама гуна туҳматҳои хоинони миллат мебошад. Худшиносии воқеӣ маҳз дар он зоҳир мешавад, ки ҳар шаҳрванд тавонад сиёҳро аз сафед ҷудо кунад ва фирефтаи шиорҳои дурӯғини «наҷотбахшони» хориҷӣ нагардад.
Нақши олимон ва хизматчиёни давлатӣ дар таҳкими ин худшиносӣ калидӣ, муҳим ва саривақтӣ мебошад. Онҳо на танҳо иҷрокунандаи вазифаҳои хизматӣ, балки бояд ҳомиёни идеологияи миллӣ ва намунаи ибрати ватандӯстӣ барои шаҳрвандон бошанд. Олимону зиёиёни мамлакат вазифадоранд, ки бо таҳқиқоти амиқи худ ҷавҳари таърихии давлатдории тоҷиконро ба ҷомеа муаррифӣ намоянд ва дар фазои иттилоотӣ бар зидди ақидаҳои ифротӣ бо далелҳои илмӣ мубориза баранд. Хизматчии давлатӣ бо садоқати худ ба Пешвои миллат ва хизмати софдилона ба мардум бояд нишон диҳад, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон арзиши олии ҳамаи мост ва бояд ҳар лаҳза ба қадри он расем. Худшиносӣ дар фаъолияти онҳо бояд ба этикаи касбӣ табдил ёбад, ки дар он манфиатҳои давлату миллат аз ҳама гуна манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ боло гузошта мешаванд.
Пайванди ногусастании «худшиносӣ» ва «созандагӣ», тавре ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ифодагари он аст, ки ватандӯстии ҳақиқӣ танҳо дар сухан набуда, балки дар амали солеҳ ва ободонии Ватан зоҳир мегардад. Ҳар бинои нав, ҳар ниҳоли шинонида ва ҳар иқдоми созанда дар гӯшаву канори мамлакат далели амалии худогоҳии миллист. Миллате, ки худро мешиносад ва ба гузаштааш эҳтиром мегузорад, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки сарзамини худро обод ва ояндаи фарзандонашро дурахшон созад. Ин масири созандагӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад, Тоҷикистонро ба давлати пешрафта ва устувор табдил медиҳад.
Соли 2026 ҳамчун соли худшиносӣ ва созандагӣ барои миллати мо марҳилаи нави эҳёи маънавӣ хоҳад буд. Таҳкими ҳувияти миллӣ, муборизаи беамон бар зидди ифротгароӣ, маҳкум намудани хиёнаткорони Ватан ва саҳмгузорӣ дар ободонии диёр вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа мебошад. Мо бояд дар соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар паҳлуи Пешвои миллат бо иродаи қавӣ ва тафаккури миллӣ сарҷамъ гардида, ба сӯи ваҳдати комил қадами устувор гузорем. Танҳо худшиносии амиқ ва худогоҳӣ аз таъриху миллат метавонад кафолати абадияти давлат ва миллати сарбаланди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ бошад.
Нозимҷон ХИДИРОВ,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносӣ ва робита бо ҷомеаи
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба механизмҳои муосири арзёбии сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамоиш доир гардид
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






