Дар Тоҷикистон барои сармоягузорон фазои муносиби иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст
ДУШАНБЕ, 17.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар баробари имконоту зарфияти мавҷуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон 110 имтиёз ва сабукиҳои молиётию гумрукӣ, дар маҷмуъ беш аз 240 номгӯй замонатҳои ҳуқуқӣ муқаррар намудааст. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон, ки 16 январ дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, иброз гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид намуданд, ки дар панҷ минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон барои фаъолияти сармоягузорию соҳибкорӣ шароити мусоид пешбинӣ гардидааст. Ширкатҳои эронӣ метавонанд аз имконоти ин минтақаҳо бо ҳадафи рушди фаъолияташон дар Тоҷикистон истифода намоянд.
«Дар Тоҷикистон имрӯз фазои муносиби иқтисодӣ барои сармоягузорон фароҳам оварда шудааст ва бо истифода аз фурсат ҳамаи шуморо ба ҳамкории созанда ва татбиқи тарҳу барномаҳои нав даъват менамоям»,- афзуданд Пешвои миллат.
Таъкид гардид, ки ҳадафи умумии мо бояд таҳкими шарикии боэътимод ба хотири таъмини рифоҳу фардои шоистаи давлатҳо ва мардумонамон бошад, ки аз муштаракоти забонӣ ва таърихию фарҳангӣ бархурдоранд.
«Итминон дорам, ки натиҷаҳои нишасти имрӯза ба таҳкиму густариши минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии ҳамкории ду давлати дӯсту бародар мусоидати муассир хоҳанд кард», -иброз намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Эрон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






