Дар Тоҷикистон Фонди роҳ таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 28.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади маблағгузории лоиҳакашӣ, сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон Фонди роҳ таъсис дода мешавад. Дар ин хусус қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2024 ба имзо расида буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки якҷоя бо вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, адлия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати то се моҳ ба Ҳукумати мамлакат оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди роҳ пешниҳодҳо манзур намояд.
Барқарорсозии Фонди роҳи Тоҷикистон ҳамчун низоми маблағгузории устувор ва доимии буҷетии бунёду нигоҳдории роҳу пулҳо қадами навбатӣ дар роҳи дигаргунсозии ҷиддии соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон мегардад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






