ДАСТАРХОНИ ҶАШНИ САДА. Мумина Шовалиева: «Дар он таомҳои зимистона ва меваҳои хушк гузошта мешаванд»

Январь 31, 2025 09:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 феврал дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар ин ҷашн кишоварзони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат асбоби кори кишоварзӣ, навъҳои тухмии зироат ва техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Яке аз оинҳои ҷашни Сада- ин оростани дастархони идона мебошад. Дар дастархони идона таомҳои зимистона, анвои меваҳои хушк ва шириниҳо мегузоранд. Ба таомҳои зимистонаи маъмул — оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, шакароб, равғанҷӯш, бат ва ғайра дохил мешаванд. Ин матлабро мардумшинос Мумина Шовалиева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи чӣ тавр оростани дастархони идона дар ҷашни Сада баён дошт.

Мумина Шовалиева иброз намуд, ки ҳар минтақаи мамлакат таомҳои хоси суннатии худро дорад, ки дар рӯзҳои ин ҷашн омода ва ба дастархон гузошта мешаванд. Инчунин дар ин рӯз хушкмеваҳои хоси ҳар минтақаи мамлакат пешниҳод мегарданд. Ба намоиш гузоштани таому шириниҳо ва хушкмеваҳои маҳаллӣ боиси ҷалби меҳмонон ва сайёҳон гашта, таблиғи заҳмати боғдорон, пазандагон ва ҳунармандон низ мебошад.

Яке аз таомҳои асосии ҷашни Сада ширрӯған мебошад. Аз фасли тирамоҳ занон барои омода кардани таоми маросимӣ дар ин ҷашн ба даруни «рӯғанчима»- кӯза барои нигоҳдорӣ равғани зард гузошта, болояшро бо хамир рӯпӯш мекарданд ва аз болои хамир боз як маротиба бо лой андова намуда, таги замин мехобонданд. Ин кӯзаҳоро занҳо то таҷлили ин ҷашн нигоҳ медоштанд. Ҳангоми фарорасии ҷашни Сада занон нони чаппотӣ, ки ҳамеша «нони маросимӣ» ҳисобида мешуд, мепухтанд. Дар табақи аз сафол ё чӯб омодашуда нон реза карда, дар болои он равғани зард монда, сипас шири гарм мерехтанд, ки онро ширрӯған мегуфтанд. Ҳамин гуна таомро се рӯз пайи ҳам тайёр мекарданд. Аз ин рӯ ширрӯғанро таоми махсуси ҷашни Сада меноманд.

Ба андешаи ҳамсуҳбатони мо, ширрӯған як навъ хӯроки миллӣ аст, ки онро дар дег ҷӯшонида, баъд мувофиқи табъ ба он равғани маска ё зард андохта, нон реза карда мехӯранд. Ширрӯғанро баъзан ҳамчун хӯроки парҳезӣ низ истифода мебаранд. Дар ноҳияҳои болооби Зарафшон ин таомро дар тӯйи арӯсӣ омода мекунанд, дар таги чодар онро аввал арӯсу домод, баъд ҳозирин ба ҷои шарбат мечашанд.

Ҳоло ҳам сокинони Тоҷикистон ҳангоми ҷашни Сада дастархони идона ороста, болои онро бо таомҳои зимистонаи маъмул — оши палав, ширбиринҷ, қурутоб, шакароб, равғанҷӯш ва меваҳои хушки себ, олуча, шафтолу, нок, тут, зардолу ва ғайраҳо пур месозанд.

Меҳмонону сайёҳони хориҷӣ маҳз дар ҳамин гуна ҷашнҳои миллӣ бо урфу одат, расму оин, ҳунарҳои қадимаи дастӣ ва таомҳои миллии мо, тоҷикон аз наздик шинос мешаванд. Ин ҷашнҳо дар муаррифии таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик нақши арзанда мегузоранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Январь 31, 2025 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Институти физикаю техника озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Абубакри Розӣ аз зумраи нобиғаҳоест, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни илми ҷаҳонӣ саҳми калон гузоштааст
ҒИЗОИ СОЛИМ. Тоҷикон дар наҳорӣ кадом хӯрокҳоро омода менамоянд?
Вобаста ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва арзёбии илмии равандҳои криосфера конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад
«ПИРЯХҲО-НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир гардид
РӮЗИ МОДАР. Дар Душанбе бахшида ба он намоиш-фурӯши китоб доир мешавад
Дар Академияи миллии илмҳо масъалаи омоданамоии кадрҳои баланди илмӣ дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ баррасӣ шуд
Дар Давҳа Маҷмаи 10-уми умумии Шабакаи ҷаҳонии дипломатияи мардумӣ ба фаъолият оғоз намуд
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бадахшон ғолибони даври вилоятии фестивал муайян шуданд
«ИЛМИ СИНО РӮИ ДУНЁРО ГИРИФТ…». Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар мавриди шаҳомати оламафрӯзи Абӯалӣ ибни Сино
ЭҲЁИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ. Мулоҳизаҳои директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ