СОЛҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ ВА ИННОВАТСИЯ. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба татбиқи он ҷаласа доир шуд

Январь 24, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 24.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ. 

Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюб Усмонзода таъкид дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ ҳадафҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро барои марҳилаи минбаъда муайян намуда, ба рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия афзалияти хос медиҳад. Татбиқи ин ҳадафҳо аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ масъулияти баланд талаб менамояд.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои татбиқи ҳадафҳои панҷсолаи рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия ба масоили амалӣ намудани барномаҳои нави таълимӣ, таҳкими ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва шарикони байналмилалӣ вобаста ба таъмини рушди таҳқиқоти илмӣ, густариши саводнокии рақамӣ ва васеъ намудани омӯзишҳои амалӣ аҳамияти хос зоҳир менамояд. Ҳамзамон омода намудани мутахассисони соҳибихтисос, ки бо донишҳои рақамӣ ва инноватсионӣ муҷаҳҳаз мебошанд, аз вазифаҳои афзалиятноки донишгоҳ унвон шуд.

Дар ҷаласа барои таъсиси озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз ва марказҳои омӯзиши рақамӣ, амалӣ намудани платформаҳои онлайнӣ барои таълим, ки ба таҳсили рақамӣ ҷавобгӯ бошанд, ҳавасманд намудани омӯзгорон ва олимон ба таҳқиқоти илмӣ дар самти иқтисоди рақамӣ, таъмини иштироки донишҷӯён дар озмунҳои байналмилалии инноватсионӣ таклифҳо пешниҳод гардид.

Татбиқи ҳадафҳои Паёми Президенти Тоҷикистон танҳо тавассути талошҳои дастҷамъона, фаъолияти пурмаҳсул ва саъю кӯшиши ҳамаҷониба имконпазир хоҳад буд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Январь 24, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд