ИСТИФОДАИ СИСТЕМАҲОИ ЗЕҲНӢ. Нақлиёти ҷамъиятӣ «ҳушманд» мешавад

Январь 7, 2025 09:23

ДУШАНБЕ, 07.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 июни соли 2024, ҳама ширкатҳои таксӣ дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе  бояд то 1 сентябри соли 2025 пурра ба истифодаи мошинҳои барқӣ гузаранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Қарор бо мақсади татбиқи «Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии пойтахт барои солҳои 2023-2026» ва «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2022 тасдиқ шудааст, қабул  гардидааст.

Ба шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи  Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки ба гузариши пурраи таксиҳо ба системаи нақлиёти барқӣ мусоидат намоянд.

Қаблан 7 майи соли 2019 дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» таъсис шуда буд, ки дар пойтахт ба татбиқи  барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд», аз ҷумла лоиҳаи «GPS tracker» (дастгоҳе, ки дар мошин устувор карда мешавад ва барои сабти нуқтаҳои хатсайри ҳаракат пешбинӣ шудааст) шуруъ намуд.

Барномаи «Нақлиёти ҷамъиятии ҳушманд» ҷорӣ намудани системаҳои зеҳнии нақлиётро пешбинӣ мекунад. Барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар автобусҳо, троллейбусҳо ва таксиҳо gps-трекерҳо, инчунин  сенсорҳои (дастгоҳҳои) ченкунии  миқдори сӯзишворӣ ва ҷараёни мусофирбарӣ, дар истгоҳҳои шаҳрӣ тоблуҳои электронӣ бо маълумот дар бораи вақти расидан ва шумораи хатсайрҳои нақлиёти ҷамъиятӣ насб карда шуданд.

 АКС аз манбаъҳои боз

Январь 7, 2025 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд